Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Русия аз вазъ дар нимаҷзираи Корея ҳушдор доданд


Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ҳадафи зарбаи тӯпхонаи Кореяи Шимолӣ қарор гирифтааст. Дар натиҷаи таркиши даҳҳои гулӯла дар як ҷазираи Кореяи Ҷанубӣ дар марзи баҳсбарангези байни ду кишвар ду сарбоз кушта ва даҳҳо сарбозу шаҳрванди мулкӣ захмӣ гаштаанд. Ҷануб мегӯяд, ин як "ҳамлаи тарҳрезишуда" ва нақзи ошкори оташбасест, ки ба ҷанги солҳои 1950-1953-и Корея хотима гузошт. Аммо Шимол мегӯяд, аввал Кореяи Ҷанубӣ тирандозӣ кард ва сабабгори амалиёти ҳарбӣ шуд. Дар изҳороти ҳукумати Кореяи Шимолӣ аз осебе, ки дар натиҷаи табодули оташ ба вуқӯъ пайвастааст, чизе гуфта намешавад. Иёлоти Муттаҳида зарбаи ба Ҷанубро шадидан маҳкум кард ва таъкид намуд, ки ба дифоъ аз Кореяи Ҷанубӣ шадидан пойбанд аст. Чин ва Русия алайҳи густариши низоъ ҳушдор доданд.
XS
SM
MD
LG