Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ирландия гуфт, ба истеъфо намеравад


Сарвазири Ирландия, Брайан Коуэн мегӯяд, аз мақомаш истеъфо нахоҳад дод, аммо баъд аз тасвиби буҷаи изтрорӣ дар порлумон вай интихоботи пешазвақт эълон хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул розӣ шуданд, ба Ирландия барои расидагӣ ба бӯҳрони молиявӣ наздик ба 100 миллиард евро воми изтирорӣ диҳанд. Коуэн бовар дорад, ки порлумон рӯзи 7-уми декабр ин тарҳро қабул хоҳад кард, ки касри буҷаи кишвараш коҳиш ёфта, бозори молиявии он ба эътидол ояд.
XS
SM
MD
LG