Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаҳои озодии матбуот эълон шуданд


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорки Амрико яке аз 4 ҷоизаи солонаи озодии матбуоташро имсол ба Нодирия Исоева, сардабири ҳафтаномаи мустақили “Черновик” дод. Ин ҳафтанома дар ҷумҳурии ошӯбзадаи Доғистони Русия нашр мешавад ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, хонум Исоеваро барои пайгирии масоил алорағми таҳдиду табъиз ва ҳатто боздошт чунин қадрдонӣ кардааст. Се ҷоизаи дигари ин гурӯҳи ҳомии озодии матбуот ба Давит Кебеде аз Эфиопия, Лорено Маркез аз Венесуэла ва Муҳаммади Доварӣ, сардабири сомонаи эронии “Саҳом нюс” эъто шуд. Доварӣ нахустин хабарнигоре буд, ки мавзӯъи бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон дар боздоштгоҳи баъдан басташудаи Каҳрезаки Теҳронро расонаӣ кард.
XS
SM
MD
LG