Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи наҷоти Ирландия аз бӯҳрони бонкӣ


Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул розӣ шуданд, ки ба Ирландия барои расидагӣ ба бӯҳрони риштаи бонкӣ ва буҷаи он қарзи изтирорӣ диҳанд. Интизор меравад, наздик ба 100 миллиард еврои онҳо харҷи афзояндаи қарзҳои Ирландия дар бозорҳои молиявиро ба эътидол хоҳад овард ва нигаронии сармоягузоронро дар кишварҳои дигари минтақаи евро, ба хусус Португалияи ва Испания коҳиш хоҳад дод.

Пули калоне ба Ирландия дода мешавад, то ҳароси Аврупо аз сирояти бӯҳрон коҳиш ёбад. Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул низ мегӯянд, ҳадафи онҳо ҳифзи эътидоли молиявии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақаи еврост. Бино бар изҳороти Бонки Марказии Аврупо, воми наздик ба 100 миллиард евро ба Ирландия зери шароити сахти таҳкими назорат ба бонкҳои хусусӣ ва чораҳои шадиди сарфаҷӯии давлат ба хотири коҳиши касри буҷа дода мешавад.

Сарвазири Ирландия, Брайан Коуэн дар ин бора гуфт: "Гап бар сари ин аст, ки бонкҳои ирландӣ акнун хеле хурдтар мешаванд, то битавонанд, тадриҷан бори дигар ба пои худ рост шаванд. Дувумин риштаи калидӣ барномаи коҳиши касри буҷа аст. Яъне, ҳукумат бояд андозҳои моро зиёд кунад ва харҷи моро то дараҷаи тавоноии мо коҳиш диҳад."

Шиори нави Ирландия - "Қудрат ва тавоноӣ!"

"Қудрат ба тавоноӣ". Ин акнун шиори Ирландия хоҳад шуд. Аммо бархе аз иқтисодшиносон мегӯянд, ин сиёсат мисли корди дудама аст ва дар дарозмуддат гузинаи хубе нест.

Коршиноси аршад дар Маркази пажӯҳиши ислоҳоти Аврупо дар Лондон, Симон Тилфорд мегӯяд: "Санги зериобии роҳи интихобшуда ин аст, ки ҳамчун кишвари минтақаи евро, кишварҳои мувоҷеҳ ба мушкил наметавонанд арзиши пули худро тағйир диҳанд, ин пул барои ҳамаи кишварҳои узв яктост. Дефолти пул метавонист ба рушди иқтисодии марбут ба экспорт сабаб гардад. Дар натиҷа онҳо маҷбур ба ин хоҳанд буд, ки хароҷоти хеш дар дохили минтақаи евроро коҳиш диҳанд. Аммо бо коҳиши харҷҳои худ, яъне харҷҳои ҳукумат ва бо кам кардани маош онҳо талаботи дохилиро боз ҳам бештар зери зарба мегузоранд. Дар натиҷа, пули ом ва гардиши он дар кишвар боз ҳам заъифтар хоҳад шуд."

Ба ақидаи Тилфорд, агар кишваре мехоҳад, аз мушкили иқтисодии бузурге монанди мушкили Ирландия, Юнон ё Портулагия худро берун кашад, бояд ба тағйири арзиши пули хеш рӯй орад. Ин як тавсияи муқаррарии Сандуқи Байнулмилалии Пул аст, ки гардиши пули омро асоси рушд медонад.

Хушбинии мақомоти Ирландия

Аммо вазири молияи Ирландия Брайан Лениҳан мегӯяд, ин нукта ба кишвари ӯ кам рабт мегирад. Ӯ меафзояд, Ирландия солона 6 дарсад экспортро афзоиши медиҳад ва дар соли оянда тавозун ба иқтисоди кишвар баргашта, даромад ҳосил хоҳад шуд.

Пеш аз Ирландия Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул ба Юнон зимни ҳамингуна тарҳ кӯмак карданд, аммо ба ақидаи коршиносон, вазъи молиявӣ дар кишвар ҳанӯз аз таъодул аломат надодааст. Портулагия ва Испания дар навбатанд ва ин феҳраст, дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро шадидан нигарон кардааст.

Назари коршиносон ба таъсири эҳтимолии қарзи наздик ба 100 миллиард еврои Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул ба Ирландия барои раҳоии он аз бӯҳрони молиявӣ.
XS
SM
MD
LG