Фиристодаи аршади Амрико дар Кореяи шимолӣ Стивен Босворф дар пайи музокироташ бо мақомоти Кореяи ҷанубӣ дар Сеул гуфт, рӯ задани пешрафтҳои Пхенян дар ғанисозии уран мавриди охир аз силсилаи иғвоҳои 20 соли охир аст. Қаблан як донишманди ҳастаии Амрико гуфт, мақомоти Пхенян ба ӯ як корхонаи нави ғанисозии уран бо беш аз 1000 сентрифугаро нишон додаанд. Фармондеҳи ситоди артиши Амрико адмирал Майк Муллен ба дунбол Кореяи шимолиро “кишвари хатарнок”-е номид, ки дар пайи сохтани бомби ҳастаист.