Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян корхонаи нави ғанисозии уран бунёд кард


Дар Кореяи Шимолӣ корхонаи нави ғанисозии уран бунёд шудааст, ки дар он 2 ҳазор сентрафуга фаъол аст. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times бо такя ба донишманди бахши физикаи ҳастаӣ Зигфрид Ҳакер, ки ҳафтаи гузашта ба Пхенян сафар карда буд, иттилоъ додааст. Мақомоти расмии Кореяи Шимолӣ дар бораи бунёди ин корхона иттилоъе пахш накардаанд.
Вазорати умури хориҷии ИМА хабар дод, ки ҳафтаи оянда фиристодаи вижаи кишвар Стивен Босуэрт бо мақомоти кишварҳои пешрафтаи Осиё дар робита ба барномаи ҳастаии Кореяи шимолӣ музокирот анҷом медиҳад. Босуэрт ба Кореяи Шимолӣ, Ҷопон ва Чин сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG