Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти "чашм ба чашм"-и Обама ва Медведев


Дар ҷараёни нишасти Русия-НАТО дар Лиссабон рӯзи шанбе руасои ҷумҳуриҳои Амрико ва Русия мулоқоти "чашм ба чашм" анҷом доданд. Дар ин бора намояндаи Кохи Сафед баъд аз анҷоми нишаст хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Барак Обама ва Дмитрий Медведев бархе аз масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла, вазъи атрофи созиш дар бораи коҳиши силоҳи стратегиро, ки ҳанӯз аз сӯи Сенати ИМА тасвиб нашудааст, баррасӣ намуданд. Дирӯз Дмитрий Медведев ба думболи Обама ва раҳбарони кишварҳои узви НАТО аз Сенати Амрико хоҳиш намуд, ки ин созишро тасвиб намояд.
Барак Обама, дар навбати худ, аз тасмими Русия оиди имкони ҳамкории Маскав бо кишварҳои узви НАТО дар бахши дифоъи зиддимушакӣ истиқбол кард. Дар нишасти НАТО дар Лиссабон тасмим гирифта шуд, ки тарҳи шартҳои ин ҳамкорӣ таҳия шавад. Баъд аз анҷоми нишасти Русия-НАТО Дмитрий Медведев изҳор намуд, ки “давраи сардӣ дар равобити миёни Маскаву Паймони Атлантикаи Шимол ба охир расидааст”.
XS
SM
MD
LG