Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди "Табибони бидуни марз" аз ироаи кӯмак ба Ҳаитӣ


Созмони “Табибони бидуни марз” изҳор намуд, ки ҷомеъаи байнулмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии вабо дар кишвари Ҳаитӣ чораҳои кофӣ намеандешад. Дар изҳороти ин созмон омадааст, ки “бо вуҷуди ҳузури созмонҳои зиёди байнулмилалӣ дар Ҳаитӣ, миқдори кӯмак ҷавобгӯи ниёзмандиҳои аҳолии ин кишвар нест”. Бар асари хурӯҷи вабо дар Ҳаитӣ беш аз 1100 нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 20 ҳазор нафар ба ин маризӣ мубтало шудаанд. Паҳншавии вабо дар Ҳаитӣ идома дорад.
Рӯзҳои ахир дар Ҳаитӣ алайҳи ҳузури низомиёни нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар кишвар намоишҳои эътирозӣ баргузор мешаванд. Сокинони кишвар низомиён аз Непалро дар он мутаҳам мекунанд, ки маҳз онҳо маризии ваборо ба Ҳаитӣ ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG