Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси тиббии амир Абдуллоҳ


Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ мегӯяд, подшоҳи ин кишвари биёбонӣ амир Абдуллоҳ дар пайи эҳсоси дард дар ноҳияи тахтапушташ таҳти ташхиси тиббӣ қарор гирифт. Бино ба гузориши SPA, табибон ба маҳзи иллат пайдо кардани ҳалқаи сутунмӯҳрааш ба амир Абдуллоҳ истироҳати бештарро маслиҳат додаанд. Ба дунбол, давлати Арабистони Саудӣ бо нашри як изҳорот мардумро нисбат ба вазъи сиҳҳати амир итминони хотир додааст. Амир Абдуллоҳ тақрибан 86 ило 87 сол дорад.
XS
SM
MD
LG