Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гузориши Амрикоро радд мекунад


Теҳрон гузориши солонаи давлати Амрико дар мавриди нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои мазҳабӣ дар Эронро радд мекунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст дар як баёния ба навбаи худ Вошингтонро ба нақзи ҳуқуқи мазҳабии мусалмонон айбдор кард. Гузориши Амрико мегуфт, ки эҳтироми давлат ба озодиҳои мазҳабӣ дар Эрон бадтар шуда, мусалмононе, ки ба аксарияти шиъа тааллуқ надоранд, таҳти табъизи пайваста қарор доранд. Аксари ҷамъияти Эрон шиъаҳо мебошанд, вале ақалиятҳои мазҳабии дар Қонуни асосии кишвар эътирофшуда, яъне масеҳиёну яҳудиён ва зардуштиҳо дар парлумони Эрон намоянда дошта, қонунҳои Эрон иҷрои озодонаи фароизи мазҳабиро ба онҳо замонат медиҳад.
XS
SM
MD
LG