Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба Nabucco газ хоҳад дод


Муовини аввали сарвазири Туркманистон гуфт, Ишқобод ҳозир ҳаст, ба лӯлаи гази Nabucco, ки ИА аз он ҳимоят мекунад, то 40 миллиард метри мукааб газ бидиҳад. Боймурод Хоҷамуҳаммадов, ки дар ҳамоиши “Нафту гази Туркманистон-2010”сӯҳбат мекард, гуфт, бояд қарордоди эҳдоси лӯлаи газе имзо шавад, ки чоҳҳои Туркманистонро аз зери бистари баҳри Хазар бо лӯлаи Nabucco бипайвандад. Ишқобод Nabucco-ро як имкони дигари пайдо кардани роҳҳои алтернативӣ барои расондани гази худ ба бозорҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунад.
Дар ҳамоиши “Нафту гази Туркманистон-2010” наздики 700 вакил аз 36 кишвар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG