Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забти 300 кило ҳероин дар як амалиёти муштарак


Дар ҷараёни як амалиёти муштараки ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистону Русия наздики 300 кило ҳероин мусодира шудааст. Манбаъи ин хабар – Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтааст, ки 118 кило ҳероин аз махфигоҳе дар як вагони роҳии Русия дар шимоли Тоҷикистон забт шуда, ҳудуди 180 кило ҳероини дигарро ба муҷарради расиданаш ба Санкт-Петербурги Русия мусодира кардаанд. Тоҷикистон, ки қад-қади рӯди Омӯ бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, яке аз масирҳои қочоқи маводи мухаддири арзони афғонӣ ба Русия ва аз он ҷо ба бозорҳои сиёҳи Аврупо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG