Як кумитаи Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае Эронро барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон маҳкум кард. Ба тарафдории қатъномаи пешниҳодии Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва чанд кишвари ғарбии дигар 80 кишвар раъйи мувофиқ, 44 кишвар раъйи мухолиф ва 57 кишвар раъйи мумтанеъ додаанд. Дар ин қатънома аз “нақзи мудавоми ҳуқуқи инсон дар Эрон, аз ҷумла шиканҷа, шаллоқ, буридани дасту пой, сангсор” ибрози нигаронии амиқ шудааст. Ҳамчунин Эронро барои таҳқиқ накардани мавориди нақзи ҳуқуқ баъди интихоботи баҳсбарангези моҳи июни соли 2009 интиқод кардаанд. Муҳаммад Ҷавод Лориҷонӣ, намояндаи Эрон ин қатъномаро нолозим хонд ва маҳкум кард.