Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ба ҳабси бунёдгузори WikiLeaks ҳукм кард


Додгоҳи Шведсия ҳукми боздошти бунёдгузори торнамои Викиликз, Ҷулиан Асанжеро тасвиб кард. Додситонҳо гуфтаанд, мехоҳанд, ӯро дар робита ба шубҳаи таҷовуз ба номус, таъқиби ҷинсӣ ва зӯроварӣ бозпурсӣ кунанд. Асанже ин иттиҳомотро рад кардааст, аммо дар куҷо будани он маълум нест. Иттиҳомот аз тарафи ду зан ба миён омада, онҳо мегӯянд, ин ҷиноятҳо ҳангоми сафари Асанже ба Шведсия дар моҳи август ба вуқӯъ пайвастааст. Асанже дар торнамои худ садҳо ҳазор асноди махфии Иёлоти Муттаҳидаро дар робита ба ҷанги Ироқ ва Афғонистон ба нашр расонд, ки бузургтарин рахнаи иттилоотӣ дар таърихи ҳарбии Амрико шумурда шудааст.
XS
SM
MD
LG