Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии шеваҳои наҷоти Ирландия аз бӯҳрони молӣ


Мақомоти кишварҳои ҳавзаи воҳиди пули евро аз Иттиҳодияи Аврупо масъалаи ҳифзи Ирландия аз бӯҳрони қарзиро баррасӣ мекунанд, то ин кишвар ба сарнавишти Юнон гирифтор нашавад. Дар ҳамоише дар шаҳри Брюссел онҳо кӯмакҳои эҳтимолӣ барои бонкҳои Ирландияро баррасӣ мекунанд, ки бар асари бӯҳрони молӣ ва маскан, сармояи зиёдеро аз даст додаанд. Брайаин Ковен, нахуствазири Ирландия гуфт, худи давлати кишвар мӯҳтоҷи кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо нест. Аммо мақомоти иттиҳодия мехоҳанд, давлати Ирландия барои рафъи мушкили бонкҳояш аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмак бихоҳад, то бӯҳрони молии он ба кишварҳои дигари иттиҳодия сироят накунад.
XS
SM
MD
LG