Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ дар Шанхай 42 нафарро кушт


Дар шаҳри Шанхайи Чин дар оташсӯзӣ дар як бинои ситабақа дасти кам 42 нафар ҳалок ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, сӯхтор дар баданаи бино, ки мавриди тармим қарор доштааст, шурӯъ шуда ва сипас ба дохили он гузаштааст. Дар маҷмӯъ барои фурӯ нишондани оташ 60 мошини оташнишонӣ даъват кардаанд. Ҷамъияти шаҳри Шанхай 20 миллион нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG