Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Барак Обама аз нахуствазири Исроил


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро, ситоиш кардааст, ки аз ҳукуматаш хост, пешниҳоди Амрико ҷиҳати тавқифи 90 рӯзаи шаҳраксозиҳо дар Канораи Ғарби Рӯди Ӯрдунро бипазирад. Музокироти сулҳи Фаластиниёну Исроил моҳи сентябр баъди аз сар гирифтани бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар он минтақа қатъ шуд. Бар асоси барномаи пешниҳодӣ, Амрико мухолифи ҳаргуна қатъномаҳои интиқодии Созмони Милал алайҳи Исроил раъй хоҳад дод ва ин кишварро бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ бо арзиши 3 миллиард доллар таъмин хоҳад кард. Ҳамчунин Амрико дигар аз Исроил нахоҳад хост, то мораториуми шаҳраксозиҳоро идома диҳад. Интизор меравад, ки ҳукумати Исроил ин барномаро охири ҳамин ҳафта тасвиб кунад.
XS
SM
MD
LG