Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон машқҳои низомӣ анҷом додааст


Имрӯз Эрон гуфт, ки дар наздикиҳои корхонаҳои ҳастаии худ машқҳои низомӣ анҷом додааст. Аҳмад Миқатӣ-фармондеҳи аршади Горди Инқилоби Эрон ба хабаргузории ниманизомии Меҳри Эрон гуфтааст, имсол машқҳои низомӣ дар ҷойҳои мухталиф, аз қабили Форду, Натанз ва Бушеҳр анҷом гирифтааст. Ин машқҳо ба амалиёти воқеии низомӣ шабоҳат доштааст. Эрон гуфтааст, дар аввали ҳафтае, ки гузашт навъи мушаки русии S-300 -ро такмил додааст ва дар ояндаи наздик он озмоиш дода мешавад. Маскав интиқоли чунин мушакҳо ба Теҳронро рад карда буд, зеро СММ бар зидди Эрон таҳрим эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG