Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, сухангӯи Катрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии ИА рӯзи ҷумъа эълом кардааст, вай дар номае барои Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи ҳастаии Эрон мувофиқати худро бо баргузории даври тозаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ дар рӯзи панҷуми декабр эълом кардааст.
Тавофуқи Эрон ва гурӯҳи 5+1 барои оғози гуфтугӯҳо
Бар асоси ин гузоришҳо, Эштон пас аз машварат бо кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 шомили Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон ин номаро ба Саид Ҷалилӣ навишта ва ба вай пешниҳод кардааст ин гуфтугӯҳо дар Австрия ё Суис баргузор шавад.
Чанд рӯз пеш музокиракунандаи аршади Эрон дар номае ба Катрин Эштон ду таърих, 24-уми ноябр ё 5-уми декабрро ба унвони замонипешниҳодии Теҳрон барои гуфтугӯҳои тозаи ҳастаӣ матраҳ карда ва хостори баргузории ин гуфтугӯҳо дар Истанбули Туркия шуда буд.
Дар ин миён сухангӯи масъули сиёсати хориҷии ИА бо интишори баёнияе бо эъломи ин, ки хонум Эштон рӯзи ҷумъа пас аз машварат бо кишварҳои гурӯҳи панҷ ба илова як ба номаи Саид Ҷалилӣ посух додааст, афзуд:
«Тарҷеҳи Эштон ин аст, ки даври нахусти гуфтугӯҳо ҷое дар Аврупо баргузор шавад ва барои ҳамин Австрия ё Суисро ( ба унвони маҳалли гуфтугӯҳо) пешниҳод кардааст.»
Музокироти чашм ба чашм баъд аз таваққуфи яксола
Аз сӯи дигар рӯзномаи " The NewYork Times" рӯзи ҷумъа дар гузорише ба нақл аз як дипломати аврупоӣ хабар додааст, ки Катрин Эштон хостори он шудааст, ки гуфтугӯҳои тозаи ҳастаӣ ба ҷои як рӯз, тайи се рӯз баргузор шавад.
Агар ин гуфтугӯҳо дар таърихи эъломшуда баргузор шавад, барои нахустин бор пас аз гузашти беш аз як сол хоҳад буд, ки Эрон бо панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон бар сари барномаи ҳастаии худ ба гуфтугӯ менишинад.
Аз сӯи дигар, дар ҳоле, ки кишварҳои ғарбӣ ва ба вижа ИМА умедворанд дар ҷараёни ин гуфтугӯҳои пешрӯ ба вижа дар бораи мубодилаи сӯхти ҳастаии мавриди ниёзи реакторҳои таҳқиқотии Теҳрон бо уранюми ғанишуда ба тавофуқ бирасанд, мақомоҳои эронӣ эълом кардаанд қасд надоранд дар даври тозаи гуфтугӯҳо дар ин бора гуфтугӯ кунанд ва дар бораи мубодилаи сӯхт танҳо бо гурӯҳи Вена шомили Амрико, Фаронса ва Русия ба гуфтугӯ менишинанд.
Дар ин миён Филлип Кровлӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА ҳам дар бораи мавзӯи гуфтугӯҳои тоза гуфтааст: «Мо интиизор дорем, ки масоли умдаи марбут ба барномаи ҳастаӣ (Эрон) дар ин музокирот мавриди баҳс қарор бигирад.»