Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Барак Обама аз созиши ҷиноҳҳои ироқӣ


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз созиши ҷиноҳҳои ироқӣ барои тақсими қудрат ситоиш кард. Ӯ аз ҷумла имрӯз гуфт: "Ин созиш, як марҳилаи сарнавиштсозе дар таърихи Ироқ аст. Бори дигар ироқиҳо азми хеш барои ваҳдат ва бунёди ояндаи Ироқро нишон доданд. Ин ангеза назар ба ангезаи онҳое, ки мехоҳанд, Ироқро оғуштаи ҷангҳои мазҳабӣ ва терор кунанд, бисёр қавитар аст." Барак Обама дар ин бора дар нишасти хабарӣ дар поёни ҳамоиши сарони кишварҳои 20 қудрати иқтисодии ҷаҳон сухан гуфт ва ҳукумати Ироқро мардумӣ, фарогир ва баёнгари иродаи мардуми он кишвар хонд. Рӯзи панҷшанбе бо гузашти ҳашт моҳ аз интихоботи порлумонӣ, саранҷом ҷиноҳҳои ироқӣ бар сари тақсими қудрат ба созиш расида, Нурӣ Ал Моликии шиъамазҳабро нахуствазир, Ҷалоли Толибонии курдро раиси ҷумҳур ва Усома Ал-Нуҷайфии суннимазҳабро раиси порлумон интихоб карданд.
XS
SM
MD
LG