Раҳбарони 20 қудрати ҷаҳонӣ тавофуқ карданд, ки сиёсати ба таври сунъӣ поён бурдани арзиши асъор пеш нахоҳанд гирифт. Дар поёни нишасташон дар шаҳри Сеул, онҳо ваъда доданд, арзиши асъори худро бар асоси нишондодҳои бозор таъйин мекунанд. Аммо айни замон ихтилофи назар дар ин замина дар миёни 20 қудрати иқтисодии ҷаҳон ҳамчунон боқӣ мондааст, бахусус миёни Чину Амрико. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Чин ба таври сунъӣ қурби юанро поён нигаҳ медорад, то ба содироти мол аз кишвар мусоидат кунад. Аммо айни замон Чин, Иёлоти Муттаҳидаро барои рехтани 600 миллиард доллар сармояи изофӣ ба иқтисодаш интиқод кард. Амрико мегӯяд, сармояи изофӣ барои рушди иқтисодаш зарур аст.