Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти филмсози эронӣ аз шиканҷа дар маҳбас


Филмсози боздоштшудаи эронӣ Муҳаммад Нуризод дар изҳороте, ки чандин торнамои ислоҳталабони Эрон нашр кардаанд, гуфтааст, ӯ ва даҳҳо нафар аз боздоштшудагони дигар дар маҳбас ҳадафи тавҳин ва латукӯб қарор мегиранд. Нуризод дар соли гузашта, пас аз нашри чанд матлаб, ки дар онҳо аз оятуллоҳ Хоманаӣ ва раҳбарони дигари Эрон интиқод кардааст, боздошт ва бо иттиҳомоти норӯшан ба сеюним соли зиндон ва 50 зарбаи шаллоқ маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG