Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Клинтон аз идомаи шаҳраксозии Исроил


Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, аз он изҳори дилсардӣ кард, ки шаҳраксозии Исроил раванди сулҳи Ховари Миёнаро ба бунбаст даровардааст. Вай аммо гуфт, ҳанӯз ҳам натиҷаи мусбат имконпазир аст. Изҳороти Клинтон дар арафаи гуфтушуниди ӯ бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, дар Вошингтон садо дод. Аввали ин ҳафта Исроил тасдиқ кард, ки нақша дорад, дар қаламравҳои ишғолӣ дар шарқи Байтулмуқаддас 1300 хонаи нав бунёд кунад. Ин нақша вокуниши сахти фаластиниҳоро ба бор овард. Гуфтушуниди мустақими Исроил ва фаластиниҳо, ки дар моҳи сентябр сар шуда буд, баъд аз сарпечии Исроил аз қатъи шаҳраксозӣ идома наёфтаанд.
XS
SM
MD
LG