Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии муштариён аз сарнавишти ширкати "Мовароуннаҳр"


Даҳҳо тан аз муштариёни ҳаяҷонзадаи ширкати биносозии «Мовароуннаҳр» дар назди дафтари он дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бо изҳори нигаронӣ аз сарнавишти баъдии раиси ин корхона ва маблағҳои пардохтаи худ суол мекунанд.

Ин муштариён, ки аз боздошти Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ин корхона, аз сӯи мақомоти интизомии кишвар огоҳ шудаанд, бим доранд, ки сармояи гузоштаи худро пас гирифта метавонанд ё не?

Боздошти раиси ширкат


Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати «Мовароуннаҳр», рӯзи 9 ноябри соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. Мақомот то кунун иттиҳомот алайҳи ӯро эълон накардаанд. Вале қаблан бархе аз масъулин аз вазъияти бади ин ширкати сохтмонӣ ва эҳтимоли муфлис эълон шудани он хабар дода буданд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ин ширкат, ки умдатан бар асоси пешпардохти муштариён ва ҷалби қарзи бонкҳои кишвар хона месохт, дар сарф ва харҷи ин маблағҳо ба тақаллуб роҳ додааст.

Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати "Мовароуннаҳр"
Аммо муштариёне, ки паси дари раҳбари ширкат таҷаммӯъ кардаанд, талаб доранд, ки раҳбари корхона раҳо шавад, то онҳо битавонанд пул ва ё агар ин ширкат манозили онҳоро сохтааст, калидҳои хонаҳои худро бигиранд.

Ба гуфтаи мизоҷони ширкати «Мовароуннаҳр», рӯзи чоршанбе наздик ба сад нафари онҳоро муовини додситони кулли Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст, вале ба ҳеҷ яке аз саволҳои онҳо посухи қаноатбахш надодааст. Ба гуфтаи онҳо, ин мақоми додситонӣ гуфтааст, онҳо баъди тафтишоти муқаддамотӣ метавонанд ба саволҳо посух бигиранд.

Дар лаҳзаҳое, ки мо бо муштариёни ин ширкат дар даҳлези дафтари раҳбари он сӯҳбат мекардем, чанде аз утоқҳои он мӯҳр зада шуда, кормандони ширкат аз сӯи муфаттишон мавриди пурсиш қарор доштанд. Вале ҳеҷ яке аз бозрасҳо ҳозир нашуд, ки дар мавриди боздошти раиси ин ширкат ва гуноҳҳои ӯ иттиллоъ бидиҳад.



Омилҳои муфлисшавии ширкат

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шоҳин Шарифов, сармуҳосиби ширкати «Мовароуннаҳр», боздошти раиси худро иқдоми ноҷо меҳисобад. Оқои Шарифов мӯътақид аст, ки маблағҳои мардум ва қарзҳои гирифтаи ин ширкат танҳо ба кори сохтмони манозил сарф шуда, вале омилҳое чун бӯҳрони молиявӣ ва дар пайи он пас гирифтани беш аз 7 миллион доллар аз тарафи муштариён, поин омадани арзиши манзил дар Душанбе ва ба бархе аз муштариён додани иҷорапулӣ боиси коҳиши суръати корҳои сохтмонӣ шудааст.

Ширкати "Мовароуннаҳр" ахиран ба бӯҳрони молӣ гирифтор шуда буд. Муштариёни он шикоят мекунанд, ки бо вуҷуди пешпардохт барои харидории хона ин ширкат дар замони тайиншуда ва тибқи қарордод хонаҳои ваъдагиро ба онҳо надодааст.

Аммо масъулини ин ширкат даъво доранд, бархе аз муштариёне, ки соҳиби хона шудаанд, бо ҳар далел то кунун қарзҳои худро дар назди ин ширкат пардохт накардаанд.

Масорифи миёншикан барои «Мовароуннаҳр»

Бо ин ҳама ширкати биносозии «Мовароуннаҳр» яке аз аввалин ширкатҳои хусусиест, ки баъди сукути чандсолаи бозори сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ин ширкат тӯли ин солҳо дар манотиқи мухталифи пойтахти Тоҷикистон чандин манозили бисёрқабатаро бо пешпардохти панҷоҳ дарсадии мизоҷон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

Ширкати мазкур ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб низ ба таври ройгон панҷ манзили зист сохта ва аз саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, ки аз сӯи давлат ба фурӯш гузошта шуд, ба маблағи наздик ба як миллион доллар харидорӣ кардааст.

Зимнан бархе аз коршиносон як иллати варшикаста ва аз фаъолият бозмондани ин гуна ширкатҳоро дар тарзи муносибат ва бархурди ҳукумат марбут медонанд. Дар ҳоле, ки ин ширкатҳо аз ҳеҷ гуна имтиёзе баҳраманд нестанд, гоҳо хостаҳоеро иҷборан иҷро мекунанд, ки дар ниҳояти амр ба иқтидор ва тавоноияшон зарбаи сангин ворид мешавад.

Кумакхоҳии мизоҷон аз президент

Дар ҳоли ҳозир омори расмӣ дар бораи қарзҳои ширкати «Мовароуннаҳр» мавҷуд нест. Вале гуфта мешавад, ин рақам шояд аз даҳҳо миллион доллар бештар бошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шуморе аз муштариёни шӯридаи ин ширкат ба таври дастаҷамъӣ номаеро унвонии раисиҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда, мусоидати ӯро дар ҳалли мушкилии пешомада талаб доранд.
XS
SM
MD
LG