Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошта шудани борҳои эронӣ дар марзи Ӯзбакистон


Азия-Плюс менависад, ки дар нишасти матбуотии имрӯза Муҳаммад Умронӣ, ташкилкунандаи намоишгоҳи маҳсулоти миллии Эрон аз боздошта шудани молу борҳои ин намоишгоҳ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон, ки бояд рӯзҳои 13-17 ноябр дар Душанбе баргузор шавад, шикоят кард. Вай гуфтааст, ки Ӯзбакистон то имрӯз ба убури танҳо 40 тонна, яъне нисфи бори ин намоишгоҳ иҷозат додаасту халос. Мақомоти ӯзбак гуфтаанд, ки интиқоли молҳои эронӣ бо сабаби ҷамъ шудани мошинҳои зиёди борбар дар қитъаи марзии Сариосиё ду рӯз инҷониб боздошта шудаанд. Оқои Умронӣ гуфтааст, ки ҳоло талош дорад ин масъаларо аз роҳи сафорати Эрон дар Душанбе ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG