Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Раҳмон аз густариши терроризм


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳи нишасти ниҳодҳои амниятии кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ гуфт, бўҳрони иқтисодӣ, ки ба сиёсати давлатҳо таъсир расонда, терроризмро “ба яке аз воситаҳои асосии бозиҳои геополитикии баъзе нерўҳои сиёсӣ табдил додааст”.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз ин зуҳурот таъкид крадааст, ки «террорист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад ва ба роҳ мондани сиёсати дугона нисбат ба нерўҳои террористӣ дар ҳама ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад».

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои миёни кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва ҳам Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Ҳиндустон, Эрон ва Туркия изҳори боварӣ кард, ки ҳамкории ин кишварҳо дар муборизаи муштарак зидди терроризм самара хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, бо таваҷҷӯҳ ба шароити ҳамгироӣ дар ҷаҳонӣ имрӯз ҳеҷ як кишваре дар танҳоӣ қодир ба мубориза бо терроризму ифротагроӣ нест ва мубориза бо ин зуҳурот бояд дастаҷамъона сурат бигирад.

Эмомалӣ Раҳмон, аз нақши Тоҷикистон чун кишвари пешгирикунандаи густариши терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла гуфтааст, дар зарфи 10 сол дар Тоҷикистон зиёда аз 68 тоннаю 300 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 28,5 тоннаи онро героин ташкил медиҳад.

Нишасти ниҳодҳои амниятии ИДМ дар Душанбе

Субҳи имрӯз сешанбе да шаҳри Душанбе иҷлосияи 29-уми Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишваҳои узви ҷомеъаи муштаракулманофеъ (ИДМ) ба кори худ оғоз кард. Дар ин нишаст масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ, муқобила ба қочоқи силоҳу маводи мухаддир, қочоқи инсон ва таъмини амнияти марзҳо баррасӣ мешавад.

Аммо мавзӯъи меҳвари ин ҳамоиш, ки то рӯзи 10-уми ноябр идома хоҳад кард, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ унвон мешавад.

Нишасти сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои пасошӯравӣ дар Душанбе дар ҳоле доир мешавад, ки фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро дар манотиқи мухталифи Афғонистон мояи нигаронии на танҳо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Кишварҳои муштаракулманофеъ ва амнияти минтақа

Моҳи марти соли 1995 аввалин мулоқоти раҳбарони хадамоти амниятии 12 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ баргузор шуд, ки дар паи он Шӯрои раҳбарони хадамоти амниятии ин кишварҳо таъсис ёфт. Дар ин мулоқот чанд созишномаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, қочоқи силоҳ ва дигар анвои ҷинояткории муташаккилона ба имзо расид.

Моҳи апрели соли 2000-ум раҳбарони Иттиҳод мувофиқат карданд, ки дар Бишкек маркази зидди терроризм поягузорӣ шавад. Вазифаи асосии ин марказ муқовимат ба ҷунбишҳои ифротгароии исломии Осиёи Марказӣ мебошад.

Аъзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон - ба таври муназзам вохӯриҳои раҳбарони ниҳодҳои умури дохилӣ, амният ва марзбононро ташкил мекунанд.

Соли 2006-ум аъзои ин созмон мувофиқат карданд, ки бар иловаи тамринҳои амниятиву ҳарбии муштарак табодули таҷрибаи мутахассисон ва таълими донишҷӯёни кишварҳои узвро танзим намоянд. Соли 2007 дар мулоқоти Душанбе раҳбарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ёддоште имзо гузошта, ба таҳкими равобити ин паймон бо Созмони ҳамкориҳои Шангҳай дар масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, ҳамлу нақли ғайришаръии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона ризоят доданд.
XS
SM
MD
LG