Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафовуту монандиҳои интихоботи Озарбойҷон ва Тоҷикистон


Комиссиюни марказии интихоботҳои Озарбойҷон гуфт, ки ҳизби “Ени Озарбойҷон”-и раиси ҷумҳурӣ Илҳом Алиев дар пайи раъйдиҳии рӯзи якшанбе, беш аз 70 курсии парлумони иборат аз 125 ҷойро ба даст овард. Курсиҳои дигари маҷлис насиби ҳизбҳову сиёсатмадорони наздик ба президент шудаанд.

Дар миёни 81 вакиле, ки курсиҳои интихоботро аз даври гузашта ҳифз кардаанд, се тан аз наздикони президент – ҳамсараш хонум Меҳрубон Алиева, амакаш – Ҷалол Алиев ва домоди духтарамакаш - Восиф Толибов ном бурда мешаванд.

Тақаллуби густурда дар интихоби Озарбойҷон

Дар ҳоле, ки гурӯҳи нозирони интихоботии ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-Манофеъ интихоботро “озоду одилона” ситоиш кардаанд, назари САҲА, Шӯрои Аврупо ва Парлумони Аврупо дигар буд. Нозирони ин се созмон ба маҳдудияти озодиии матбуот ва озодии ҷамъомадҳо таъкид карда, гуфтанд, ки тақрибан дар сеяки ҳавзаҳои раъйдиҳӣ тақаллуб мушоҳида шудааст. Масъалаи дигар, ба назорати интихобот роҳ наёфтани намояндагони аҳзоби мухолиф будааст.

Хабарнигори радиои Озодӣ Вусала Алибоева мегӯяд, чандин мавриди поймолшавии муқаррароти овоздиҳиро бо дастгоҳи наворбардорӣ сабт кардааст:

“Масалан ман шоҳиди ба истилоҳ амалиёти “Чархофалак” шудам, вақте гурӯҳи даҳнафараи омӯзгоронро аз як нуқтаи раъйдиҳӣ ба дигараш бо автобус мебурданд ва онҳо батакрор овоз медоданд. Ин нафарон дар ин нуқтаи раъйдиҳӣ номнавис нашуда буданд, вале омада барои Меҳрубон Алиева овоз доданд. Вақте ман инро ба раиси ҳавзаи интихоботӣ гуфтам, вай посух дод, ки бале, инро медонад, вале ҳеҷ кор аз дасташ намеояд. Мавриди дигаре, ки сабташ кардам, ин буд, ки як зан барои овоздиҳӣ бо бюллетени буридашуда омад, вале исми ӯ дар рӯйхатҳо пайдо нашуд. Як мавриди бисёр хандаовари дигар бо ҳамкори ман Нӯшоба Фатҳуллоева рух дод. Вай ҳам чанд мавриди поймолшавии ҷараёни раъйдиҳиро ба навор мегирифт. Вале ӯро полис ва маъмурони интихоботӣ боздошт карда талаб карданд, ки сабтҳоро пок кунад. Вале ӯ тавонист корти сабт ё мемори картро пинҳон кунад. Азбаски онҳо донишҳои техникӣ надоштанд, кортро пайдо карда натавонистанд”.

Аксар таҳлилгарон мегӯянд, ингуна мавридҳоро хеле зиёд дар ҷараёни интихоботҳои Тоҷикистон ҳам дидан мумкин аст. Нозирони САҲА, мухолифон ва матбуоти мустақил дар бораи мавридҳои монанди овоздиҳии як нафар ба ҷои аҳли хонавода, аз роҳи хат задани исми мавриди назари ҳукумат ба раъйдиҳанда нишон додани тарзи овоздиҳӣ, водоркунии одамон ба овоздиҳӣ барои нафари зарурӣ аз намунаҳои ингуна раъйдиҳиҳо дар Тоҷикистон аст.

Вазъ аз гузашта беҳтар аст

Тамоюли дигари интихоботҳои солҳои охири ин кишвар - ташкили билофосилаи аҳзоби ба ном мухолифи давлат ва пешбарии номзадҳои он ба интихоботи президентиву парлумонӣ аст, ки дар ниҳояти амр боз ҳам аз раиси ҷумҳурӣ ва ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ тарафдорӣ мекунанд.

Лилит Геворгян, таҳлилгари масоили ҷумҳуриҳои шӯравии пешин дар пажӯҳишгоҳи Ҷейнс Дефенс, мақарраш дар Лондон мегӯяд, дар муқоиса бо интихоботҳои миёнаҳои солҳои 2000-ум, интихоботи дирӯзи Озарбойҷон ва феврали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон каме беҳтар баргузор шуданд:

“Масалан, дар Озарбойҷон дар интихоботҳои гузашта ҳизби ҳоким бештар талош мекард овозҳоро харад ва ё ин ки шиносномаҳои мардумро ҷамъ карда ба ҷои соҳибонаш овоз диҳад. Ингуна ҳодисаҳо на фақат дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои дигари густураи шӯравии пешин ҳам ба чашм мехӯранд. Имсол ҳизби “Ени Озарбойҷон” назар ба гузашта таблиғоти интихоботиро хеле барвақт ба роҳ монд, то камтар даст ба тақаллуби натиҷаҳо занад. Дар ҳарду кишвар ҳам ҳизби ҳоким нишон дод, ки дар пушташ президент чун кафили суботу рушди кишвар қарор дорад. Ҳукумат дар ин кишварҳо исми мухолифинро бо бесуботӣ вобаста карда мардумро талқин кардаанд, ки бесуботӣ боиси пеш омадани ҷинояткориву қашшоқӣ мешавад”.


Дастовардҳои бештари Тоҷикистон дар рушди демократия

Айни замон, Лилит Геворгян гуфт, ки дар муқоиса бо Озарбойҷон, зоҳиран дастовардҳои демократии Тоҷикистон бештар аст.

“Дар Тоҷикистон баъди ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мавқеи ҳизби наҳзати исломӣ ба унвони як нерӯи пуртарафдори маъруфи мухолифи давлат қавӣ аст, вале дар Озарбойҷон дар мавқеи дуюми маъруфият вакилони бетараф, яъне сиёсатмадорҳову соҳибкорон қарор гирифтаанд, ки дар асл аз ҳукумат тарафдорӣ мекунанд. Дар натиҷа, дар парлумони Озарбойҷон ҳеҷ нишонае аз нерӯи воқеан мухолифи давлат ворид нашудааст”.

Вай гуфт, дар муқоиса бо Озарбойҷон дар ҷомеаи Тоҷикистон мавқеи аҳзоби мухолифи давлат мустаҳкамтар буда, ҳукумат ҳам аз ин чиз хатар ва ҳарос дорад. Ба таъкиди хонум Геворгян, бо сабаби саркӯб шудани фаъолиятҳои мухолифин дар Озарбойҷон, дар сурати бидуни тақаллуб ва одилонаву шаффоф баргузор шудани интихоботи Озарбойҷон, ба бовари ӯ “Ени Озарбойҷон” пештоз мешуд.

Модели шӯравии баргузории интихоботҳо

Санавбар Шерматова, таҳлилгари дигари минтақаӣ гуфт, ки бо гузашти қариб 20 сол аз пошхӯрии шӯравӣ, ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамон модели шӯравии баргузории интихоботҳоро истифода мекунанд:

“Ин ду кишвари дорои режимҳои яккаҳукмрон ва худкома буда, аз ин хотир, ҳатман захираву василаҳои маъмуриро дар баргузории интихобот сафарбар мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳам мисли Озарбойҷон зоҳиран панҷ ҳизб узви парлумон мебошанд. Вале айни замон бояд гуфт, ки дар сохтори сиёсии ин ду кишвар як тафовути хеле ҷиддӣ вуҷуд дорад. Агар дар Тоҷикистон баъди ҳодисаҳои тобистону тирамоҳ фишор болои мухолифин афзоиш ёфта бошад, дар Озарбойҷон бархе аъзои ҳизбҳои мухолифи “Мусовот” ва “Ҷабҳаи мардумӣ” дар бархе шохаҳои ҳукумат ҳифз шудаанд. Ин ҷо мухолифин чеҳраи якранг надоранд”.

Вай афзуд, ки алорағми пойдору ҳамагир будани фазои кешпарастӣ дар Озарбойҷон, ҷомеаи он рӯҳияи як андоза аврупоӣ дорад. Аксари таҳлилгарон мегӯянд, тавофути муҳими Озарбойҷон аз баъзе ҷумҳуриҳои шӯравии пешин дар бартариҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва аҳамиятҳои геостратегиаш дар чашми Ғарбу Аврупо аст.

Мухолифини ин кишвар мегӯянд, ки дар хориҷа кайҳост ба каҷравиҳои демократии Озарбойҷон ба хотири захираҳои ғании нафту газаш чашм мепӯшанд.
XS
SM
MD
LG