Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 20 ғосиби замин дар Ӯш


Пулис дар вилояти Ӯши Қирғизистон имрӯз дастикам 20 нафарро дар рустоҳои узбакнишини Ишкеван ва Қизил-Киштак бо иттиҳоми ғасби ғайриқонунии замин боздошт карданд. Рӯзи якшанбе ҳудуди 500 қирғизи аксаран аз шаҳри Ӯш ва навоҳии Нӯкату Аравон ва Олой бо қасди тақсими қитъаҳои замин вориди ин ду русто шуданд.

Имрӯз ба онҳо фаъолони гурӯҳи “Шаҳидони Ӯш” пайваста, шумори тазоҳургаронро ба ҳудуди 1000 нафар расонданд. Онҳо мегӯянд, то замоне, ки ба қирғизҳо замин надиҳанд, берун нахоҳанд рафт. Бино ба хабарҳо, ҷараёни таҳаввулотро наздики 100 маъмури пулис назорат мебаранд.

Ноиби волии вилояти Ӯш Қушбек Тезекбоев амали тазоҳургаронро ғайриқонунӣ хонд ва гуфт, бархе нерӯҳо талош доранд, вазъро дар минтақа ба ҳам бизананд.

Дар моҳи июн бар асари даргириҳо байни қирғизҳову узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон беш аз 400 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG