Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи қочоқбарони уран дар Гурҷистон


Вазорати умури дохилаи Гурҷистон гуфт, ду арманиро дар талоши қочоқи ураниум ба ин кишвар муҷрим шинохтаанд. Ба гуфтаи мақомот, додгоҳи Сумбат Тоноён ва Ҳрант Оҳаниён ба хотири махфӣ нигоҳ доштани исми маъмурони амниятии дахил дар ин парванда пушти дарҳои баста гузашт.Сухангӯи вазорати умури дохилаи Гурҷистон Шота Утиашвилӣ ба Франс Пресс гуфт, ин ду нафар ҳанӯз моҳи март ҳангоми талоши фурӯхтани ураниуми ғанишуда ба маблағи 1,5 миллион доллар ба маъмурони хуфия, ки худро тундравони исломӣ муаррифӣ мекарданд, боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG