Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти раҳбарони низомии Амрико аз ҷадвали Карзай


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ва фармондеҳи ситоди муштараки артиши Амрико адмирал Майк Муллен аз ҷадвали замонии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ҷиҳати таҳвили масъулиятҳои амниятӣ дар соли 2014 пуштибонӣ карданд ва аз НАТО ҳам хостанд, то аз ин ҷадвал ҳимоят кунад.
Карзай қаблан гуфт, давлаташ то соли 2014 омода нест, масъулияти таъмини амниятро бар дӯш бигирад.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва муттаҳидинаш аз паймони НАТО дар нишасти Лисабон, ки моҳи равон доир хоҳад шуд, ҷадвали замонии пешниҳодшударо баррасӣ хоҳанд кард.
Бо онки ҷанги Афғонистон вориди соли даҳумаш мешавад, Амрико гуфта, ки аз тобистони соли оянда ба хуруҷи қисмате аз 100 000 сарбозаш аз Афғонистон оғоз мекунад.
XS
SM
MD
LG