Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасарруфи замини ӯзбакҳо дар Қирғизистон


Гурӯҳе аз қирғизҳо имрӯз қитъаҳои заминҳои мутаалиқ ба ӯзбакҳо дар рустоҳои Қизил Киштак ва Ишкеван дар наздикии шаҳри Ӯшро тасарруф кардаанд. Гурӯҳи 500 нафарии қирғизҳо аз ноҳияҳои Нукат, Араван ва Олой субҳи имрӯз бо нақшаҳои тақсими замин ба он рустоҳо омадаанд. Аммо мақомоти маҳаллӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки то рӯзи душанбе заминҳоро холӣ кунанд, дар акси ҳол, алайҳи онҳо иқдом хоҳад шуд. Дар муноқишаи миёни қирғизу ӯзбакҳо дар моҳи июн бештар аз 400 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG