Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузоре дар Форёби Афғонистон 9 нафарро кушт


Пулиси Афғонистон мегӯяд, як бобмгузори маргталаб дар бозоре дар ғарби ин кишвар дасти кам 9 нафарро кушт ва 30 тани дигарро захмӣ кард. Ба гуфтаи Халил Андаробӣ, сардори пулиси маҳаллӣ, ҳадафи ин ҳамла дар рӯзи ҷумъа Мулло Раҳматулло Туркистонӣ, раиси шӯрои маҳалиии Форёб будааст, ки бар асари таркиш ҷароҳат бардошт. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ин ҳамларо маҳкум кард ва онро як “иқдоми зидди исломӣ” хонд. Ҳамчунин Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО эълом карданд, ки тайи ду рӯзи гузашта шаш сарбози худро дар ҳамла ва бомбгузориҳои ҷангҷӯён талаф додаанд. Ҳуввияти ин сарбозонро ошкор накардаанд.
XS
SM
MD
LG