Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари даҳрӯзаи Бaрак Обама ба Осиё


Бaрак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа сафари 10 рӯзаи худ ба қораи Осиёро оғоз кард ва барои нахустин мақсади ин сафар, роҳии Ҳинд шуд. Оқои Обама дар ин сафари даҳрӯза ба Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия ва Ҷопон сафар хоҳад кард.

Ин сафар бо ҳадафи беҳтар шудани равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ва афзоиши имкони тиҷорат ва бозаргонӣ ва корофаринӣ барои иқтисодӣ Амрико анҷом мешавад. Оқои Обама пеш аз хуруҷ аз Вашингтон, ахбори хубе аз беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар Амрико дарёфт кард.

Ин дар ҳоле аст, ки мизони бекорӣ ҳанӯз дар Амрико дар ҳудуди даҳ дарсад аст ва оқои Обама дар талош аст иқтисоди кишварашро ба беҳбуди бештар ва беҳтар ҳидоят кунад.

Раиси ҷумҳури Амрико, ки ду рӯз пеш ва дар ҷараёни интихобот, Маҷлиси намояндагонро аз даст дод ва ин маҷлис ба дасти ҷумҳурихоҳҳон афтод, ба раҳбарони ҷумҳурихоҳ паём дод дар ду соли оянда ба роҳҳое барои ҳамкорӣ фикр кунанд чун дар ғайри ин сурат, ду сол даргири бунбастҳои сиёсӣ хоҳанд буд.

Сафаре бо аҳдофи иқтисодӣ

Оқои Обама дар ин сафари даҳрӯза ба Ҳиндустон, Кореаи Ҷанубӣ, Индонезия ва Ҷопон сафар хоҳад кард. Он ҳам дар ҳоле, ки муттаҳидони осиёии Амрико нигарони ҳаракатҳои иқтисодии Чин ҳастанд.

Раиси ҷумҳури Амрико қарор аст дар Ҳинд бо шуморе аз бозаргони ҳиндӣ дидор карда ва тарҳи ҷадид аз ҳамкориҳои ҳамаҷониба аз ҷумла афзоиши ҳамкорӣ бо Индонизияро эълом кунад.

Ҳамчунин Бaрак Обама дар иҷлоси гурӯҳи 20 дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ ширкат карда ва аз онҷо барои ҳузур дар конфронси иқтисодии Осиё-Уқёнусия роҳии Иокогама дар Ҷопон хоҳад шуд.

Кишварҳои осиёӣ рӯи ҳамкории Амрико барои мувозинат бо қудрати иқтисодии Чин ҳисоб мекунанд ва ба фикри густариши ҳамкориҳои худ ҳастанд.

Обама севуним рӯз дар Ҳинд хоҳад буд, ки бештарин иқомати раиси ҷумҳури Амрико дар як сафари хориҷӣ аз замоне аст, ки Кохи Сафедро дар ихтиёр гирифта аст ва ин нишонаи аҳамияти Ҳиндустон барои Амрико аст.
XS
SM
MD
LG