Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 2 ҷангии Маҳмуд Худойбердиев


Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 2 тан аз ҷангиёни собиқи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро ба муддати аз 13,5 то 15 сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ Мансур Нуров ва Шавкат Ҷӯраевро дар ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва талоши ғасби қудрат муҷрим шинохт. Аммо Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеъи Мансур Нуров мегӯяд, муваккилаш аз ин ҳукм розӣ нест ва онҳо ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдаанд.
Имсол дар Хатлон 9 тан аз тарафдорони собиқи Маҳмуд Худойбердиев маҳкум ба зиндон шудаанд.
Худойбердиев, ки фармондеҳии як воҳиди муқтадири низомӣ дар ин вилоятро бар ӯҳда дошт, соли 1997 дар пайи ошӯби мусаллаҳона алайҳи давлат тарки Тоҷикистон кард. Ба бовари мақомоти Душанбе, ӯ дар Узбакистон паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG