Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон як ҳавопаймои хурд суқут кардааст


Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки ба эҳтимоли зиёд як ҳавопаймои хурди мусофирбар баъд аз чанд дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Карочӣ суқут кардааст. Сухангӯи як ширкати ҳавоии мусофирбарии Покистон гуфтааст, ҳудуди 20 нафар дар ин ҳавопаймо будаанд ва ҳавопаймо ба як ширкати хусусии нафт тааллуқ доштааст. Первез Ҷеорҷ-сухангӯи ширкати ҳавоӣ гуфтааст, шояд яке аз муҳаррикҳо ё моторҳои ин ҳавопаймо ҳангоми парвоз аз кор мондааст. То ҳол дар бораи талафоти ҷонӣ хабар дода намешавад.
XS
SM
MD
LG