Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт алайҳи Толибон дар марз бо Тоҷикистон


Генерал Довуди Довуд, фармондеҳи пулиси минтақаи шимоли Афғонистон, ки вилоёти шимоли он кишварро дар бар мегирад, имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, амалиёти вижае алайҳи як гурӯҳи мусаллаҳ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон идома дорад, ки ахиран бар асари он дар ҳудуди вилояти Тахор як ҷангии тоҷикистонӣ кушта шудааст.

Генерал Довуд гуфт, сухан дар бораи тақрибан 35 ҷангии марбут ба Ал-Қоида ва Толибон меравад, ки дар як ҷангалистони воқеъ дар як минтақаи нейтрали ин марз лона гирифтаанд.

Ба гуфтаи ин мақоми афғон, ҷониби Тоҷикистон низ аз қазия дар ҷараён гузошта шудааст, то дар сурати ба он сӯи Омӯ фирор кардани ҷангиён, дар амри хунсо кардани таҳдиди ин гурӯҳи силоҳбадаст, ки генерал Довуд онро таҳдиди муштарак унвон кард, ҳамдастӣ кунанд.

Сӯҳбати генерал Довуди Довуд, фармондеҳи пулиси зумми шимоли Афғонистон, пиромуни амалиёти алайҳи гурӯҳҳои ҷангӣ дар марзи он кишвар бо Тоҷикистонро дар ин навор бишнавед.

XS
SM
MD
LG