Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз солгарди ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон


Ҳазорон нафар аз эрониён имрӯз дар Теҳрон бо хитобаҳои зиддиамрикоӣ ва парчамҳои Эрону аксҳои оятуллоҳ Хоманаӣ дар даст аз 31-умин солгарди ишғоли Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Теҳрон таҷлил карданд. Дар соли 1979, ба думболи инқилоби исломӣ, ки ҳукумати шоҳи Эронро вожгун кард, донишҷӯён сафорати Амрико дар Теҳронро ишғол карданд ва 52 дипломати амрикоиро барои 444 рӯз гаравгон гирифтанд. Онҳо ин иқдоми худро посух ба сарпечии Амрико дар таслими шоҳи барканоршуда, Муҳаммадризо Паҳлавӣ номиданд. Аз он вақт сафорат дар маркази теҳрон баста боқӣ монда, Иёлоти Муттаҳида бо Эрон равобити дипломатӣ надорад.
XS
SM
MD
LG