Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо ҷумҳурихоҳон ҳамкорӣ мекунад


Нозирони байналмиллалӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз интихоботи миёндавраии Амрико ситоиш карданд ва онро интихоботи одилона хонданд, вале гуфтанд, ки дар сармоягузории маъракаҳои интихоботии Амрико мушкил вуҷуд дорад.

Аъзои Маҷмаи Порламонии САҲА дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфтанд, интихоботи рӯзи сешанбе ба таври муассир хостҳои раъйдиҳандагони амрикоиро бозтоб медиҳад. Вале онҳо изҳор доштанд, ки сармоягузорӣ дар маъракаҳои интихоботӣ ва таблиғоти сиёсии номзадҳо бояд ошкор бошад, зеро он метавонад шаффофияти интихобот ва масъулияти интихоботро зери суол барад.

Обама нокомиҳои маъмурияташро эътироф кард

Дирӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед гуфт, натиҷаҳои интихоботи миёндавраии Амрико нишон медиҳад, ки амрикоиҳо аз рушди кунди иқтисод амиқан "дилсард" шудаанд. Вай гуфт, баъд аз пирӯзии ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагон вай омода аст бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Вай эътироф кард, ки масъулияти рушди кунди иқтисод ва мизони баланди бекорӣ дар кишварро, ки 9,7 дарсадро ташкил медиҳад, бар ӯҳда мегирад:

"Масъулияти азалии ман ин аст, мо бояд мутмаин созем, ки иқтисоди мо пеш меравад, табақаи миёна худро амн эҳсос мекунад ва ҷойҳои корӣ ба вуҷуд меояд. Ба ҳамин тартиб, ман фикр мекунам, ки бояд мустақиман масъулияти ин воқеиятро бипазирам, ки мо ба андозае, ки зарур буд пешрафт накардем".

Имкон дорад, ки акнун барномаҳои Барак Обама барои нимаи дуввуми раёсати ҷумҳуриаш ба мухолифат рӯ ба рӯ шавад. Бо вуҷуди ин, ки ҳизби вай дар ҳар ду маҷлиси Конгресс аксариятро дар ихтиёр дошт, вале вай дар ду соли фаъолияташ ба мушкилӣ тарҳи қонунҳоро ба тасвиб мерасонд.

Ҷумҳурихоҳон пешсафанд

Дар Амрико баъд аз ба даст даровардани аксарият дар Маҷлиси Намояндагони Конгресс дар интихобот, ҷумҳурихоҳон эълон карданд, ки онҳо баъзе ибтикороти бузурги Барак Обама-раиси ҷумҳурро фаро мехонанд. Акнун дар Маҷлиси Намояндагон, ҷумҳурихоҳон аксариятро соҳиб шудаанд, вале дар Сенат то ҳол аксарияти ночиз дар дасти демократҳост.

Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи миёндавраии Амрико нишон медиҳад, ки ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагон 60 курсӣ ва дар Сенат 6 курсиро аз демократҳо гирифтаанд. Обама гуфт, вай аз натиҷаҳои интихобот, ки ҷумҳурихоҳон курсиҳои демократҳоро соҳиб шуданд эҳсосоти "ноҳинҷор" дорад, зеро онҳое, ки аз тарҳи қонуни ислоҳот дар низоми беҳдоштӣ ва барномаҳои ислоҳоти иқтисодии Амрико ҳимоят карда буданд, натавонистанд дубора интихоб шаванд.

Обама қавл дод, ки бо Конгресси нав ва бо раҳбарони ҷумҳурихоҳон кор хоҳад кард ва роҳҳои ҳалли муштараки масъалаҳоро дар бахшҳои мухталиф, аз қабили дар бахши коҳиши молиёт ва дар бахши энержӣ пайдо хоҳад кард. Вай гуфт, агар ҷумҳурихоҳон пешниҳодҳое дар бораи беҳбуди низоми беҳдошт дошта бошанд, ки битавонад ислоҳот дар ин бахшро ҳар чӣ зудтар амалӣ кунад, вай бо хушнудӣ чунин пешниҳодҳоро бо онҳо баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG