Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Зарифӣ ва муовини вазири хориҷаи Бритониё


Имрӯз дар Душанбе вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ бо муовини вазири хориҷаи Бритониё Саймон Фрейзер мулоқот кард. Сомонаи интернетии вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин нишаст дар атрофи масоили амнияти минтақа, вазъи Афғонистон, аҳамияти тарҳҳои энергетикӣ барои Тоҷикистон, аз ҷумла проекти CASA 1000 ва инчунин сафари қарибулвуқӯи аъзои парлумони Тоҷикистон ба Бритониё радду бадал сурат гирифтааст. Дар ин нишаст ба зарурати сохтмони роҳҳои оҳани пайвасткунандаи марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, пулҳо ва бунёди хатҳои барқгузар таъкид шудааст.
XS
SM
MD
LG