Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен бо Лавров дидору гуфтугӯ кард


Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс Фог Расмуссен имрӯз дар Маскав бо мақомоти баландпояи Кремлин масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои ин паймон бо Русия дар Афғонистон, аз ҷумла таъмини нирӯҳои НАТО бо чархболҳоро баррасӣ мекунад. Зимни сӯҳбат дар як нишасти матбуотӣ бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия Расмуссен гуфт: "Ба фикри ман, ҷаласаи Лиссабон як оғози тоза дар ҳамкориҳои миёни НАТОву Русия хоҳад шуд”.
Мулоқоти имрӯза дар остонаи сафари Медведев ба Лиссабон сурат мегирад, ки дар таърихи 20 ноябри имсол дар назар гирифта шудааст. Қарор аст, Андерс Фог Расмуссен баъди Лавров бо раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев низ мулоқоте анҷом диҳад. Дар ҷараёни ин дидору гуфтугӯҳо инчунин масъалаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар хоки Аврупо барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди кишварҳои мисли Эрону Кореяи Шимолӣ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG