Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни силсилабамгузориҳо дар Бағдод ба 60 нафар расид


Шумораи қурбониёни силсилабамгузориҳои рӯзи гузаштаи Бағдод-пойтахти Ироқ ба 60 нафар расид. Ба эҳтимоли зиёд ин бамгузориҳо ҳамоҳангшуда будаанд ва аслан дар 10 маҳалли шианишини Бағдод рух додаанд. Ҳоло шумораи захмиҳои ин бамгузориҳо 200 нафар гуфта мешавад. То ҳол касе ё гурӯҳе масъулияти ин бамгузориҳоро бар ӯҳда нагирифтааст, вале дар гузоришҳо омадааст, ки як гурӯҳи тундрави муттааллиқ ба сунниҳо ин корро анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG