Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби қирғизӣ аз натиҷаҳои интихобот шикоят мекунад


Як ҳизби сиёсии Қирғизистон мехоҳад натиҷаҳои интихоботи парлумонии ахирро, ки бо шикасти ин ҳизб анҷомидааст, дар додгоҳ таҳқиқ кунад. Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки ҳизби Бутун Қирғизистон дар интихобот 4,6 дар сади курсиҳоро бурда натавонистааст панҷ дар сади зарурии овозҳоро барои роҳёбӣ ба парлумон ба даст оварад. Марат Каипов, раиси ин ҳизб гуфтааст, ки ният дорад ба додгоҳи ноҳияи 1 маи шаҳри Бишкек дар ин замина шикоят кунад.
XS
SM
MD
LG