Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз аз роҳи пулакии IRS дар мавзеи Ҳушёрӣ


Субҳи сешанбе, як гурӯҳи сокинони мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб ба намояндагӣ аз 300 сокини норозии ин мавзеъ дар мавриди роҳпулии гузаргоҳҳои ширкати IRS аз ҷониби мақомоти ҳукумати ноҳияи Варзоб пазируфта шуданд. Намояндагони ҳукумати ноҳия ва масъулони ширкати IRS шикояти сокинони Ҳушёриро аз гаронии роҳпулиҳо баррасӣ карда ваъда додаанд, ки дар зарфи як моҳ роҳҳалли масъаларо пайдо хоҳанд кард. Ширкати IRS тасмим гирифтааст, ки дар зарфи як моҳ наҳваи рафтуомади ройгонро дар ду гузаргоҳи худ барои мардуми Ҳушёрӣ таҳия кунад. Тибқи ваъдаи ширкати IRS барои мактаббачагони ин мавзеъ гузаргоҳи алоҳидаи бепул таъмин хоҳад шуд. Шоми дирӯз дар назди гузаргоҳи дуввуми ширкати IRS ҳудуди 300 нафар сокинони Ҳушёрӣ эътироз намуда талаб намуданд, ки барои убуру мурури сокинони ин маҳал имтиёзот дода шавад. Барои аз Ҳушёрӣ то Душанбе расидан бояд аз ду гузаргоҳи ширкати IRS гузашт, ки рафтуомад барои як мошин ҳудуди 10 сомониро ташкил медиҳад ва сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, дигар тавони аз ин роҳ бо мошинҳои худ гузаштанро надоранд.
XS
SM
MD
LG