Оқилбек Сариев, раиси кумиссиюни марказии интихобот гуфт, тақрибан 8,5 дарсади раъйи мардумро Ҳизби Отаҷурт, ҳафту аз сад 7,83 дар садро Ҳизби Сотсиал Демократӣ, бештар аз 7,5дарсадро ҳизби Ору Номус, тақрибан 7 дарсади ороро Ҳизби Республика ва 5,49 дар садро Ҳизби Отамакон соҳиб шуданд.
Ҳеҷ яке аз ин аҳзоб раъйи кофӣ барои ташкили ҳукумат ба даст наоварданд ва аз ин рӯ дар Қирғизистон набарди дигари сиёсие барои таъсиси ҳукумат дар пеш аст. Дар ин замина гуфтугӯе доштам бо Венера Ҷуматаева, ҳамкорам аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки таркиби порлумони Қирғизистон чӣ гуна хоҳад буд:
Посух: Гуфтугӯҳо дар мавриди таъсиси ҳукумати эътилофӣ пештар аз замони эъломи натиҷаҳои расмии интихобот шурӯъ шуданд ва ду ҳизб, Ҳизби сотсиал-демократӣ, ки ҷойи дуввум ва Ҳизби Республика, ки мақоми чаҳорумро гирифт, аз иттиҳоди ду тараф хабар доданд. Раҳбарони ин ду ҳизб, афроди тарафдори арзишҳои демократӣ ҳастанд, вале русиягароянд ва ин тамоюли хешро ошкор эълом кардаанд. Яъне ду ҳизбе, ки давлати муваққати Қирғизистон ба раҳбарии Роза Отунбоева ба онҳо такя мекунад ва ё аз ҳимояти онҳо бархурдор аст, дар сиёсати хориҷиашон тамоюли ошкор ба Русия доранд. Ҳизби Республика ва Ҳизби Сотсиал Демократ дар маҷмӯъ дар порлумон тақрибан 50 курсӣ хоҳанд дошт.
Суол: Аммо ба назари шумо таъсиси эътилоф ба ин аҳзоб, ки платформаҳои сиёсиашон фарқи зиёд дорад, ба осонӣ даст хоҳад дод?
Посух: Таъсиси ҳукумати эътилофӣ бисёр мушкил хоҳад буд. Маълум ҳам нест, ки ҳукумати эътилофӣ аз ҳисоби кадом аҳзоб таъсис хоҳад шуд. Дар порлумон 120 курсӣ вуҷуд дорад ва дасти кам 65 раъй зарур аст, то ҳукумати эътилофӣ ташкил шавад. Аммо ҳеҷ яке аз аҳзоб ин теъдоди курсиҳоро соҳиб нашудааст. Аҳзоби Отаҷурт ва Оруномус эълом кардаанд, ки мехоҳанд ба низоми қавии раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон баргарданд, аммо Ҳизби Республика ва Ҳизби Сотсиал Демократӣ мегӯянд, ки низоми порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии феълӣ бояд нигаҳ дошта шавад, ки қонуни асосии ислоҳшуда муқарар кардааст. Ва ҳоло маълум нест, ки Ҳизби Отамакон, муаллифи Қонуни Асосӣ ба кадом аҳзоб мепайвандад. Агар Отамакон бо Ҳизби Республика ва Сотсиал Демократҳо забон ёбад ва эътилоф ташкил шавад, ҳаминро варианти беҳтарин медонанд. Вале агар ба он ду ҳизб напайвандад ва Ҳизби Республика бо сотсиал демократҳо бо ҳамон 60 курсӣ бимонанд, дар ин ҳол маълум нест, чӣ хоҳад шуд?
Суол: Аммо ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки Ҳизби Отамакон, меъмори низоми порлумонӣ дар Қирғизистон ба аҳзоби Отаҷурт ва Оруномус ҳамроҳ шавад ва бо онҳо ҳукумати эътилофӣ ташкил кунанд, агарчӣ тавре гуфтем, ҳадафҳои ин ду ҳизб аз ҳадафҳои Отамакон тафовути бисёр зиёд дорад?
Посух: Ингуна вариант ҳам буда метавонад ва ҳоло сиёсатмадорон байни ҳам тиҷорат мекунанд. Агар аҳзоби мухолифи Отаҷурт ва Оруномус ба Алмосбек Отамбоев, раиси Ҳизби Отамакон мақоми нахуствазирро пешниҳод кунанд ва гӯянд, ки мақомҳои дигарро мо мегирем, дар ин ҳол чунин эҳтимол вуҷуд дорад. Аммо айни замон дар миёни сиёсатмадорон танҳо тиҷорати сиёсӣ идома дорад.
Суол: Бар асоси қонун, ҳукумати эътилофӣ бояд дар зарфи чанд рӯз таъсис шавад?
Посух: Онҳо бояд ҳарчӣ зудтар масъалаи таъсиси ҳукуматро баррасӣ кунанд ва ба тавофуқ бирасанд, чун Қирғизистон на порлумон дорад ва на ҳукумати доимоамалкунанда. Қонуни Асосӣ ҳанӯз ҳукми иҷро нагирифтааст. Аз моҳи апрел ба ин сӯ Қирғизистон дар як бунбасте қарор дорад ва на ҳукумат ва на мухолифон намехоҳанд, ки ин вазъ идома кунад. Онҳо мехоҳанд, то ин вазъ ҳарчӣ зудтар ҳалли худро ёбад. Агар онҳо дар таъсиси ҳукумат ноком шаванд, дар ин сурат раиси ҷумҳур ба тамоми ҷиноҳҳои порлумон 45 рӯз фурсат медиҳад, то ҳукумати эътилофиро ташкил кунанд, дар акси ҳол раиси ҷумҳур ҳақ дорад, порлумонро пароканда карда ва интихоботи нав таъйин намояд.