Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Ҷопон ба сафари Медведев ба Курил


Сафари раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ба ҷазираҳои Курил вокуниши мақомоти Ҷопонро ба миён овард. Сарвазири Ҷопон, Наото Кан рӯзи душанбе дар ҷаласаи порлумонӣ дар Токио гуфт:

"Мо дар мавқеи худ, ки ин чаҳор ҷазираи шимолӣ қаламрави Ҷопонанд, устуворем. Ман фикр мекунам, таассуфангез аст, ки президент тасмим гирифт, ба ин ҷо сафар кунад."

Вазири аршади ҳукумати Ҷопон Йошито Сенгоку дар нишасти хабарӣ дар Токио гуфт, кишвараш мутаваҷҷеҳи ин хоҳад буд, ки Медведев дар ҷазираҳои Курил чӣ изҳороте пахш хоҳад кард ва Ҷопон ба он посухи муносиб хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG