Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди захмиёни таркиши Истамбул 32 нафар шуд


Теъдоди захмиёни бомбгузории эҳтимолан интиҳорӣ дар Тақсим, бузургтарин майдони Истамбул, дастикам 32 нафар шудааст. Шаҳрдори Истамбул Авнӣ Мутлу гуфт, 15 афсари пулис ва 17 ғайринизомӣ захмӣ шудаанд, вале танҳо 9 тани онҳо дар бемористон боқӣ мемонанд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон имрӯз дар Истамбул ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт: "Мо онҳоеро, ки қасди коштани тухми низоъ дар кишварро доранд ва ба сулҳу субот ва пешрафти Туркия таҳдид мекунанд, таҳаммул нахоҳем кард. Чунин ҳамалот монеъи ҳаракати Туркия ба сӯи сулҳу бародариву пешрафт нахоҳанд шуд."
Бино ба хабарҳо, таркиш дар ин майдони пурсайёҳ ва пурнақлиёт дар наздикии маҳалли таҷаммӯъи нирӯҳои пулис, ки ба манзури пешгирӣ аз тазоҳуроти эҳтимолӣ эъзом шуда буданд, рух додааст. Телевизиони маҳаллии NTV хабар дод, ки ҷасади маргталабро аз зери тӯдаи рӯзномаҳо пайдо кардаанд.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст, вале чирикиҳои курд, ки барои мухторияти сарзаминҳои курднишини ҷанубушарқи Туркия меҷанганд, ва ҳам ҷангиёни исломӣ, дар гузашта чунин ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG