Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман таҳқиқот дар мавриди бастаи маводи таркандаро оғоз кард


Мақомоти се қора ба таҳқиқи қазияи дар роҳ аз Яман ба сӯи Амрико кашф шудани ду бастаи ҳомили маводи мунфаҷира пардохтаанд. Бовар меравад, ки ирсоли ин бастаҳо ҷузъе аз қасди анҷоми амалиёти террористӣ бошад.

Яман дар пайи ҷустуҷӯи он ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида шудааст, ки гумон меравад, дар пушти ин қасди бомбгузорӣ алайҳи ибодатгоҳҳои яҳудӣ дар Амрико истодаанд.

Бастаҳои маводи тарканда ба ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ

Мақомоти Яман рӯзи шанбе, ба дунболи кашфи бастаҳои ҳомили маводи мунфаҷирае, ки аз Яман ба Амрико фиристода шудаанд, ба таҳқиқи қазия шурӯъ карда, дар саросари пойтахти ин кишвари арабӣ, шаҳри Санъо посгоҳҳо гузоштаанд.

Мақомоти Дубай нахустин бастаро дар корхонаи марбут ба ширкати боркаши FedEx ошкор карданд. Ин баста як синагогаи яҳудиён дар шаҳри Чикагои Амрикоро ба ҳадаф доштааст.

Бастаи дуввум аз дохили ҳавопаймои борбари амрикоии United Parcel Service (UPS) дар фурудгоҳи Ист Мидлендз, дар шимоли Лондон, пойтахти Бритониё кашф шуд. Ба гуфтаи мақомот, ин баста ҳомили ранги принтер ва ноқилу хока будааст.

Вазири умури дохилаи Бритониё Тереза Мей рӯзи шанбе дар як паёми телевизионӣ таъйид кард, ки ин бастаи кашфшуда маводи мунфаҷира дошт ва бахше аз қасди анҷоми ҳамлаи террористии оянда буд:

“Бастаи машкук аз Яман омада буд. Мақомоти додгоҳӣ онро барои ташхис берун кашиданд. Ман дар ҳоли ҳозир метавонам бигӯям, ки он ҳомили маводи мунфаҷира буд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки он бомб аст ё хайр.”

Хонум Мей афзуд, таҳқиқи амволи аз ин ҳавопаймои боркаш гирифташуда идома дорад. Кумитаи зиддибӯҳронии давлати Бритониё, мавсум ба “Кобра”, қарор аст бо ташкили ҷаласаи дубора, шеваи вокуниш ба ин қазияро баҳс кунад.

Борак Обама: "Таҳдиди террористии боваркарданӣ"

Рисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки рӯзи ҷумъа сӯҳбат мекард, ин ду бастаи кашфшударо “таҳдиди террористии боваркарданӣ” номид ва гуфт, ин қазия ба “зарурати ҳифзи ҳушёрӣ дар муқобили терроризм” таъкид мекунад:

Шаби панҷшанбе ва субҳи ҷумъа, маъмурони иктишофиву интизомии мо дар ҳамкорӣ бо дӯстону муттаҳидинамон ду бастаи машкуки роҳии Иёлоти Муттаҳидаро ошкор карданд, ки ду маъбади яҳудӣ дар Чикагоро ба ҳадаф дошт.”

Мушовири Обама дар умури мубориза бо терроризм Ҷон Бреннан гуфт, сояи иттиҳом болои шӯъбаи ямании Ал-Қоида меафтад. Ин гурӯҳ, ки ҳамчун “шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” маъруф аст, масъулияти талоши нокоми инфиҷор дар ҳавопаймои мусофирбари амрикоӣ дар рӯзи Иди мавлуди Исои Масеҳ, дар 25 декабри соли гузаштаро ҳам бар дӯш гирифта буд.

Ҷон Бреннан гуфт: “Манзури ман аз Ал-Қоида фақат Ал-Қоидае нест, ки дар сарзаминҳои қабиланишин дар Афғонистон аст. Манзури ман ҳамаи он шӯъбаҳо, бо шумули шӯъбаи яманияш аст, ки ба таври ошкор намоиш додаанд, ки ҳадафи онҳо танҳо ин кишвар нест, балки тавре мо соли гузашта дар Мавлуди Масеҳ дар намунаи Умар Форуқ Абдулмуталлаб дидем, онҳо дар воқеъ барои анҷоми чунин қасдҳои худ иқдом ҳам мекунанд.”

Бреннан гуфт, маводи мунфаҷираи кашфшуда ба шакле буд, ки аз талоши анҷоми навъе аз ҳамла дарак медод.

Пулиси Дубай гуфтааст, маводи мунфаҷираи кашфкардаи онҳо аломати дасти Ал-Қоидаро дорад ва ташхисҳои муқаддамотӣ ҳокист, ки бастаҳо моломоли маводи мунфаҷираи муқтадире бо номи РЕТN будаанд. Ин дуруст ҳамон маводи кимиёист, ки соли гузашта дар ҳамлаи рӯзи Мавлуди Масеҳ ҳам истифода шуда буд.

Таҳдиди Ал-Қоида ҳанӯз боқист

Барак Обама ҳам таъкид кард, ки қасди шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб барои анҷоми ҳамлаҳои бештар алайҳи Амрикову муттаҳидинаш маълум буд:

“Ман ҳамчунин дастур додам, ки тамоми кӯшишро барои таҳқиқи манбаъи ин бастаҳои машкук ва иртиботи онҳо бо дигар амалҳои террористӣ ба харҷ диҳанд. Ҳарчанд мо таъқиби тамоми ҷузъиётро идома медиҳем, вале медонем, ки манбаъи ин бастаҳо Яман аст. Мо ҳамчунин шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб, як гурӯҳи террористии мустақар дар Яманро медонем, ки таҳияи ҳамлаҳо алайҳи кишвари мо, алайҳи мардуми мо ва алайҳи дӯстону муттаҳидини моро идома медиҳад.”

Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфт, тадобири амниятӣ ва тафтиши борҳоро дар фурудгоҳҳо тақвият хоҳад дод. FedEx ва UPS эълон карданд, ки тамоми анвоъи боркашӣ аз Яманро мутаваққиф мекунанд.

Бо ин ҳол, ҷустуҷӯ ва таҳқиқи ҳавопаймоҳои борбар дар Филаделфия, Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ то ҳол мунҷар ба кашфи ягон навъ маводи мунфаҷира нашудааст.

Яман тайи як соли охир пайгирона ба як маркази терроризми исломӣ табдил мешавад. Шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб ҳам маҳз дар Яман пойгоҳ гирифта, ба дунболи ба дӯш гирифтани масъулияти талоши нокоми бомбгузории ҳавопаймои мусофирбар дар Мавлуди Масеҳ дар дохили Яман низ чандин ҳамла анҷом дод. Аз ҷумла алайҳи аҳдофи ғарбӣ.
XS
SM
MD
LG