Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо тарҳи баҳсбарангезеро баррасӣ мекунад


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз ташдиди меъёрҳои хароҷоти буҷаи 27 кишвари узвро баррасӣ мекунанд, то ба такрори бӯҳронҳои молие, ки Юнонро гирифтори бало кард, роҳ надиҳанд. Дар нишасти дурӯза дар Брюссел пойтахти Белжик, тарҳи пешниҳодии баҳсбарангези Фаронса ва Олмон, аъзои қудратманди Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мешавад, ки мехоҳанд, бо ислоҳи Аҳдномаи Лиссабон меъёрҳои мудирияти иқтисодӣ дар кишварҳои узвро сахттар кунанд. Ҳарду кишвар мегӯянд, барои роҳ надодан ба бӯҳронҳои молие мисли бӯҳрои Юнон, ки бо кӯмакҳои чандмиллиардолларӣ наҷот ёфт, ислоҳоти низоми молии иттиҳодия зарур аст. Аммо кишварҳои дигари узв мухолифи ислоҳи Аҳдномаи Лиссабон, ба истилоҳ қонуни асосии иттиҳодияи Аврупо ҳастанд.
XS
SM
MD
LG