Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвориҳо ба беҳбуди муносиоти НАТО бо Русия


Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО мегӯяд, вай умедвор аст, ки ин паймон дар муносибот бо Русия ба "оғози навин" наздик шудааст. Ба гуфтаи вай, ин ҳамкориҳо муноқишаи Афғонистон ва ба эҳтимоли зиёд ба масъалаи дифои зиддимушакиро низ дар бар мегирад. Дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Financial Times"-чопи Лондон Расмуссен гуфтааст, ба фикри вай, ширкати Дмиртий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар мулоқоти солонаи раҳбарони кишварҳои узви НАТО дар моҳи оянда дар Лиссабон муносиботи Русияро бо НАТО беҳтар хоҳад кард. Ин муносибот баъд аз ҷанги мухтасари Русияву Гурҷистон дар тобистони соли 2008 сард шуда буд.
XS
SM
MD
LG