Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошинҳои Эрону Туркия дар марзи Узбакистон банд мондаанд


Дар двоми 5 рӯзи ахир тақрибан 100 мошини муттааллиқ ба Эрону Туркия дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон барои идомаи ҳаракат иҷоза дарёфт накардаанд. Дар ин бора як ронандаи эронӣ бо номи Ҷаъфари Кирдорӣ ба радиои Озодӣ дар Душанбе хабар додааст. Ронандагони мошинҳо мегӯянд, ки санадҳои гумрукӣ ва раводид доранд, аммо гумруки Ӯзбакистон бидуни далел ба онҳо иҷозаи ҳаракат намедиҳад. Кумитаи Гумруки Тоҷикистон мавҷудияти чунин мушкил дар гузаргоҳҳои марзии Ӯзбакистонро таъйид мекунад, вале мегӯяд, ки барои ҳалли масъала бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст, зеро ҳалли ин масъала дар гузаргоҳҳо ва боздошт шудани вагонҳо дар истгоҳҳои Ӯзбакистон аз доираи салоҳиятҳои идораҳои гумрукӣ берун аст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Тоҷикистон, имрӯз як намояндаи ин ниҳод ба гузаргоҳи гумрукии «Дустӣ» барои ҳалли масъала фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG